БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самаранок истифода бурдани замин омили некӯаҳволии зиндагии мардум

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Найистони ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳия оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад,  бо иштироки сокинон вохӯрӣ доир гардид.  

Вохӯриро кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидов кушода, иброз намуданд, ки  аксариятамон заминҳои наздиҳавлигӣ дорем бояд  ҳар ваҷаби онро самаранок истифода барем.  Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки истифодаи самараноки заминро ба дарки ҷомеа расонем, ки истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замин боиси баланд гаштани сатҳи некӯаҳволӣ мегардад.

Гузашта аз ин дар рафти чорабинӣ бо ҷалби 5 нафар сокини деҳа барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ дар деҳаи номбурда ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Найистон» таъсис дода шуда, раиси он Ганҷалов Баҳодур интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg