БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МУНОСИБАТИ 25-УМИН СОЛАГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд!

Санаи 10-уми декабри соли равон, ки аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳоряк аср, яъне 25 сол пур мешавад, барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи муҳим ва пур аз ифтихор аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои ҳизбӣ қайд кардаанд: “Ҳизби мо ҳизби марҳалаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳизби даврони истиқлолият, ё худ ҳизби зодаи истиқлолият мебошад”.

Дар ҳақиқат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба майдони сиёсат омад ва тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.

Тавре медонем, то ва баъди ташкилёбии ҲХДТ баъзе ҳизбҳои сиёсие дар Тоҷикистон таъсис ёфтанд, ки кӯшиши асосиашон таҳмил намудани идеологияи беруна ба сари давлату ҷомеаи кишвар буд. Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ касе суол намедод, ки ин идеологияҳое, ки паёпай аз тарафи гурӯҳҳои алоҳида миёни ҷомеа роҳандазӣ гашта истодаанд, обишхӯри кадом андеша буда, ҳадафи ниҳоии онҳо чист ва ҷомеаро ба куҷо мебаранд? Посух ба ин суолро миллати тоҷик дар пайи нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо пардохти гарони ҷониву молӣ дарёфт кард.

Бо дарки ин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи таъсиси ҳизберо роҳандозӣ кард, ки идеология ва кору пайкори он ба манфиати халқ ва ваҳдату суботи ҷомеа равона гашта бошад. Ҳамин тавр санаи 10.12.1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли  25 соли тайшуда роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит кард. Исбот кард, ки тамоми афкору маънавиёташ аз умқи дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Бист қадами созанда”, ки ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ рӯи чоп омада буд, иброз доштаанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.

Дар ин суханон як ҷаҳон масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат нисбати имрӯзу ояндаи халқ эҳсос мешавад. Бале, идеологияи ҲХДТ аз масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат таркиб ёфтааст. Идеологияи ҲХДТ идеологияест, ки ҷомеаи дар буҳрони маънавӣ ғуттаварро ислоҳ намуда, дар рӯҳияи созандагӣ тарбия кард ва давлатро аз ҳоли варшикастагӣ раҳонид. Идеологияест, ки ҳисси худшиносӣ ва ғуруру номуси миллиро дар вуҷуди ҳар як сокини Тоҷикистон бедор кард. Идеологияест, ки дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ донаи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ кошт. Идеологияест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Самараи он таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Қобили қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. ҲХДТ ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар самти ташаккули маънавиёти ҷавонони кишвар хизматҳои ҳизб бесобиқа ва арзишманданд. Замоне, ки кишварро буҳрони маънавӣ ва ҷавонони минтақаҳои гуногунро ҳисси кинаву нафрат нисбати ҳамдигар фаро гирифта буд, ҲХДТ ташаббуси ташаккул додани афкори умумро ба даст гирифта, баҳри решакан кардани маҳалчигиву ихтилоф байни ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нақши муассир гузошт. Агар ба таври мухтасар қайд намоем, ҲХДТ таҳти шиори “Ҳар як ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки ӯ фарзанди Тоҷикистон аст ва ягон гӯшаи Тоҷикистон барояш мулки бегона нест” ваҳдати комилро миёни ҷавонони кишвар таъмин намуд.

Бояд қайд намоем, ки ҲХДТ дар давоми фаъолияти худ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо такя ба истеъдоди азалии давлатсозии миллати тоҷик бисёр қолабҳоеро, ки дар сиёсати байналмиллалӣ то ҳанӯз тағйирнопазир ҳисобида мешаванд, шикаст. Аз ҷумла, агар тибқи назарияҳои илмӣ рисолати як ҳизби сиёсӣ бароварда сохтани ниёзҳои гурӯҳи муайяни ҷомеа бошад, пас ҲХДТ ба хотири таъмини ваҳдату ҳамдилии халқ ин “қоидаи тиллоӣ”-ро сарфи назар карда, манфиатҳои ҷомеаро ба куллӣ таҳти ҳимоя қарор додааст.

Имрӯзҳо дар баробари корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки асоси фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳанд, инчунин бо назардошти воқеаву таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳизб кӯшишу ғайрати худро ба самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои манфии равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ дар миёни ҷомеа равона кардааст. Дар ин раванд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёнро ташкил медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум дар сатҳи зарурӣ ва бо касбияту самимияти баланд фаҳмонида истодаанд.

Месазад қайд намоем, ки Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад. Воқеан, озодиву ҳамдилии мо ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа онро ба хубӣ дарк намояд. Ин аст, ки ҲХДТ бо дарназардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза амал карда, ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон – истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар менамоянд.

Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”.

Ин суханони Пешвои миллат мароми мо ҳизбиён дар роҳи ватандӯстиву созандагӣ буда, шиори барномавии ҲХДТ - «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» самти муайяншудаи фаъолияти мост.

25-соли талошу муборизаҳо баҳри таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ, 25-соли созандагиву бунёдкорӣ, 25-соли қадамҳои устувор бахотири рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум, 25-соли ҳамсафиву ҳамраъйӣ, муборак бошад ҳамсафони азиз!

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg