БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллатем

ХОВАЛИНГ. Таҳти ҳамин сарлавҳа вохӯрии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Сайҷалол Сатторов бо ҷавонону наврасон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо мақсади ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии онҳо баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мавсуф оид ба боварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ба ояндаи дурахшони Ватан сухан карда, қайд намуд, ки бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррасро бозид.

Ташаббуси беназир барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолият ба ҳисоб меравад.

Дар вохӯрӣ бо овардани мисолҳо аз эҷодиёти шоирони гузаштаву имрӯзаи тоҷик, аз ҳаёти наврасону ҷавонони бонангу номуси диёр ҷамъомадагон ба хондан, машғул шудан ба варзиш, корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла шинонидани гулу ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ҳидоят карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg