
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва ба варзиш ҷалб намудани ҷавонону наврасон, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида истодаанд.
Мусобиқаи варзишии волейбол дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор” бо иштироки ҷавонону наврасон баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, рушди варзиш, пешгирӣ аз оворагардӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад. Баъди ҷамъбаст ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ сарфароз гардонида мешавад.