БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД СОЛИМӢ ВА ДӮСТӢ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мусобиқаи футбол байни дастаи ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар варзишгоҳи Сарҳадчии  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  баргузор гардид.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ зимни суханронӣ ба ҳарду даста комёбиҳо таманно намуд. Барои тамошои ин бозии футбол дар варзишгоҳи марказии ноҳия зиёда аз 2500  нафар аъзову  фаъолони ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” иштирок доштанд.  Бозии шавқовари футбол байни дастаҳо  бо ҳисси баланди  ватандӯстӣ баргузор гардида, ҷавонон  маҳорати худро  нишон доданд. Бозӣ бар ҳисоби  2 : 1 ба фоидаи дастаи Ҳамадонии  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg