БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи Ватан рисолати асосии ҷавонон аст

ХОВАЛИНГ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ба хизмати  Ватан-Модар омода намудани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар вақти гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассиса ва деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳот, ки яке аз самтҳои афзалитяноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад,  ба ин масъала дахл намуда, ҳисси ватандӯстиро ба ҷавонону наврасон дар асоси панду андарзҳои адибони гузаштаву имрӯза, ҳаёти ибратомӯзи муҳофизони Ватан талқин ва тарбия менамоянд.

Дар баробари ин дар мавсими даъват ба сафи Артиши миллӣ кормандони Кумитаи иҷроия бо комиссияи даъватӣ ҳамкории амалӣ намуда, ҷавононро бо руҳияи баланд аз Ватану ватандорӣ ба хизмати ҳарбӣ  сафарбар мекунанд.

Натиҷаи чунин ҳамкорӣ ва бурдани корҳои таблиғотӣ аст, ки аксари ҷавонони ба синни хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ расида, бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар мераванд.6987_0.JPG

Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  дар майдони марказӣ -гулгашти ҷавонон, дар пояи ҳайкали Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ  ба муносибати ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар кардани наваскарон доир карда шуд.

Даъватшудагонро ба ин рӯзи фараҳ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Сафар Халилов табрику таҳният гуфта, ба онҳо хизмати содиқона ба Ватан,  бурдбориҳову  шуҷоату матонат, ҷасорату мардонагиро орзу намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg