БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ ДАР РӮЗИ ТАҶЛИЛИ 25- СОЛАГИИ ҲХДТ БО СТИПЕНДИЯИ ҲИЗБӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

КӮШОНИЁН. Дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ чорабинии сиёсиву  фарҳангӣ доир карда шуда,  дар он  намояндагони ҳизбӣ, сокинони ҳудуди  Ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намуданд.

Сокинони ватандӯст бахшида ба 25 – солагии таъсисёбии ҲХДТ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   маҳсули дастранҷи хешро, ки аз  кашидадӯзиҳо, сабзавоту меваҷоти тару тозаи марди деҳқон, кандакорӣ, намудҳои гуногуни нону анвои шириниву таомҳои миллӣ, намоиши китобҳои асарҳои шоиру нависандагони муосир ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузошта, масъулин аз ин намоишгоҳи пурҳунар бо руҳияи баланд дидан карданд ва ба ҳунару маҳорати  чирадастон баҳои хуб доданд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад, ҷамъомади судманд доир гардида, намояндагони ҳизбӣ оид ба таърихи ҲХДТ дар тӯли 25- соли фаъолияташ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, сиёсати бунёдкоронаи Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамагонро бо 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод гуфтанд.  

Ҳамзамон ба 11 – нафар хонандагоне, ки дар олимпиадаҳо ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд, ба онҳо стипендияи ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg