БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ БОЗИИ ШАШКА ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ ҚОБИЛИЯТИ ЗЕҲНИВУ ФИКРИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мусобиқа оид ба "Шашка" бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни ҷавонону наврасони шаҳри  Кӯлоб  баргузор гардид, ки дар он наврасону чавонон аз донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу муассисаҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳниву фикрии ҷавонону наврасон, пешгирӣ намудан аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, инчунин рушди ин намуди варзиш аз роҳи ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии беҳтаринҳо дар ин самт мебошад.

Дар охир ғолибони мусобиқа бо Дипломҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.

Аз миёни наврасон ҷои якум Хуҷамуроди Мирзохуҷа, ҷои дуюм Исмоили Файзулло ва ҷои сеюм Ҳабибов Валиҷон ғолибиятро ба даст оварданд.

Аз миёни ҷавонон бошад, ҷои якум Раҳматуллоев Парвиз, ҷои дуюм Зоирзода Фахриддин ва ҷои сеюм Дилшоди Хуршед дастболо шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg