БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ ДАСТАИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”-и ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар майдони варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи футбол миёни дастаҳои “Созандагони Ватан”-и шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҳамадонӣ барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти  Кумитаи иҷроия шаҳрӣ қайд кард, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди варзиш, махсусан бозии футбол аст, ки чунин чорабиниҳо дар сатҳи баланд доир гардида, чеҳраҳои нав ба майдони варзиш ворид  шуда истодаанд.

Баъдан мусобиқа оғоз шуда, бозии футбол миёни дастаҳо ҷолибу диданӣ баргузор шуда ва бо натиҷаи 3:1 ба нафъи дастаи “Созандагони Ватан”-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg