БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИММИ БАРНОМАИ ҲИЗБРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон-аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқот доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ роҳбаримти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қайд дошт, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Махсусан, ҷиҳати солимии ҷавонон ҲХДТ аҳамияти хоса дода, барои огоҳ шудан аз таҳдиду хатарҳои бемориҳои гуногуни сироятӣ тавассути фаъолон миёни онҳо корҳои тарғиботиро ҷиддӣ ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони соҳа гуфта шуд, ки имрӯз дар маҷмӯъ бемориҳои сироятӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд, гурӯҳи табобатшаванда ва табобатнашаванда мебошад. Ба гурӯҳи якуми табобатшаванда аслан бемориҳои мавсимӣ дохил мешаванд, ки хатару таҳдидашон ба ҳаёти инсон камтар мебошад. Гурӯҳи дуюм бошад, ин беморҳои марговар аз қабили ВНМО ва Гепотити С дохил мешавад. Дар навбати аввал шахсони сироятёфта аз ин бемориҳо дар организми худ ягон тағйиротро мушоҳида намекунанд, зеро ин вирус ба организми одам тавассути хуни инсон дохил шуда, дар ҷое, ки моеъ аст, зиндагӣ мекунад, ба монанди хун, нутфа ва шири модар. Ин бемориҳо табобатнашанванда буда, ба саломатии инсон хатарнок мебошад, таҳдиди марги ногузирро ба одамони гирифтори ин бемориҳо зиёд мекунад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg