БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШОҲМОТ ҶАВОНОНУ НАВРАСОНИ КӮЛОБРО АТРОФИ АҚИДАҲОИ СОЛИМ МУТТАҲИД НАМУД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи маҳфили "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб озмуни "Шоҳмот" бо иштироки наврасону ҷавонон бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид.

Наврасону ҷавонон дар озмуни мазкур, ки дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, аз худ қобилияти баланд нишон дода, фаъолона ширкат карданд.

Дар фарҷом ба ғолибони озмун Дипломҳои  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ супорида шуд.

Ҳамин тариқ аз миёни наврасон ҷои якум Боқиев Бузургмеҳр, ҷои дуюм Нуриддини Ҳабибулло ва ҷои сеюм насиби Маҳмадзода Солеҳ гардид.

Миёни наврасон бошад, ҷои якум Даврони Бозоралӣ, ҷои дуюм Айдаров Ҳасан ва ҷои сеюм Сафарзоди Суҳроб ғолибиятро ба даст оварданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин радиф роҳбари бахши “Шоҳмот ва Шашка”-и маҳфили “Созандагони Ватан” Боймуродов Мирзо дар ин мусобиқа саҳми арзанда гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg