БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён”-и ноҳияи Қубодиён оид ба баррасии  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор гардид. 

Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ  оид ба экстремизму  терроризм, сабабҳо, омил ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо баромад намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат  оид ба тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардидаанд. 

Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро  ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна гурӯҳҳо даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада, тавассути зӯрӣ ҳал намудани масъалаҳо ро ихтиёр намудаанд. Дар гӯшаю канори гуногуни олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур гардида, бештар даҳшатнок гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg