БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БОЯД МАФКУРАИ ҒАНӢ ВА ИРОДАИ МУСТАҲКАМ ДОШТА БОШАНД

ДАНҒАРА.  Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ: Ин навбат  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Оби-Тоир ”-и ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара  хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти   Кумитаи иҷроия вобаста ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили  асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар ибрози ақида намуда, зимнан зикр кард, ки махсусан тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар паҳлӯи дигари суханронӣ мавсуф дар бораи пешгирии худкушиву худсузӣ миёни ҷавонон суҳбат ороста,  қайд намуд, ки ҷавонони замони Истиқлолият бояд мафкураи ғанӣ ва иродаи мустаҳакам дошта бошанд, ки майл бештар ба илмҳои замони муосир ва азхудкунии фанҳои дақиқ , омӯхтани техника ва техналогияи ҳозиразамон машғул бошанд на бар ҳар корҳое ки имрӯз ҷомеаро халалдор месозанд, даст зананд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg