БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бозори Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси идона доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ иштирок дошта, ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, дар назди таърих ҳарчанд муддати кӯтоҳ ҳам бошад, вале барои ҲХДТ солҳои пурифтихор ба ҳисоб меравад. Дар ин солҳо ҲХДТ ҳамеша бо мардум, бо аъзои худ буд. Пайваста дар пайи беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва пешрафту ободии кишвар талош меварзад.
Дар идома як гурӯҳ аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ барои татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо сипосномаҳои ҳизбӣ қадр карда шуданд ва ба шахсоне, ки нав ба сафи ҳизб қабул гардиданд, шаҳодатномаҳо супорида шуд.