БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАИ ҶАВОНОНИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ БОЗИИ ФУТБОЛ ИШТИРОК КАРД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дастаи футболбозони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар майдони Сарҳадчии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дастаи футболи намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сабқат намуданд.

Мусобиқаи вархзишии футбол бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ташкили Дастаи яккачини футболи ТҶҶ «Созандагони Ватан»  барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  баҳри тарбияи ахлоқии ҷавонон, дастгирии моддиву маънавии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид дар инкишофу рағбати онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии онҳо аз амалҳои ҷинояткорӣ, рушди футбол дар деҳот ва маҳал, инчунин бо мақсади мусоидат намудан ба иҷроиши бевоситаи «Барномаи рушди футбол, барои солҳои 2017-2020» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он ҷавонони болаёқат байни ҳам қувваозмоӣ карда, ғолиби мусобиқаи мазку дастаи Ҳамадон дониста шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg