БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ХУШБАХТИИ МОСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  «Маркази эмтаъминкунӣ»-и  ноҳияи  Шаҳритуз   хониши  сиёсӣ  бо  иштироки  намояндагони ҳизбӣ   баргузор  гардид.

Дар  рафти  хониши  сиёсӣ   аз  ҷониби   масъулини   Кумитаи   иҷроия  дар  бораи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҳизб,  аз ҷумла  иҷроиши талаботи   Қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар  бораи  танзими  анъана  ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар  бораи  масъулияти  падару  модар   дар  таълиму  тарбияи фарзанд», пешгирии бемориҳои сироятӣ, омодагӣ ба  30- солагии  Истиқлолияти  давлатӣ,  маъракаҳои муҳими  сиёсии  дарпешистодаи  интихоботи   соли  2020 андешаронӣ карда, аз ҳар як узви ҳизб ҷиҳати интихоби дурусти вакилон аз ҳисоби шахсони соҳибмаърифат, фаъолона иштирок намудан дар ташкилу баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg