
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба амалӣ гардидани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва истиқболи сазовори 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Исмоили Сомонӣ»-и деҳаи Исмоили Сомонии ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббус ва дастгирии аъзову ҷонибдорони ҳизбӣ 20 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд тӯйи хатнасур карда шуда, ба онҳо сару либос ва дучархаҳо тақдим карда шуд.
Ин иқдоми неку ватандӯстро сокинон воқеан ҳам иқдоми наҷибу саривақтӣ арзёбӣ карда, миннатдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.