БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДУРӢ ҶӮЕД!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар назди аъзои ташкилот  масъулин қайд намуданд,  ки дар бисёр ҳолатҳо мо худамон ба коррупсия роҳ мекушоем. Бехабар аз онем, ки рӯзе ба даст меафтему аз карда пушаймон мешавем. Бояд дар хотир дошта бошем, ки яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа эҷод намуда, ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия  мебошад.

Дар Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуда, ба се нафар шахси маъюбу ниёзманд  барои гирифтани сертификати манзили зист кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg