
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 20-солагии ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант вохӯрии занони фаъол доир гардид.
Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат қайд намуданд, ки созмон додани ҳизб ва сазовори бовариву эътимоди мардум гаштан дар он солҳои ниҳоят мушкилу ҳассос, ки аксарият ба касеву чизе боварӣ надошт, кори саҳлу осон набуд. Вале Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавию нерӯманд, ибрати шахсӣ, ташаббускориҳои наҷибона ва устувории қавлу амал дар таъмини амнияту осоиштагии мамлакат ва рушду пешрафти минбаъдаи он саҳми муҳим гузошта, халқро ба амалҳои неки созандагию бунёдкорӣ ва ватанпарастиву худшиносии миллӣ раҳнамун сохтанд.
Инчунин, дар идома изҳор дошта шуд, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» яке аз тадбирҳои муҳими давлатдорӣ ва сиёсати наҷибонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки барои ҷалби ҳарчӣ бештари занон ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳамқадами замона гаштани онҳо нақши муҳим гузошт.
Имрӯзҳо тавассути рӯйи кор омадани ин санади муҳиму таърихӣ фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ на танҳо шаҳри Левакант, балки мамлакат густурдаю доманадор гардида, саҳми босазои онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ба таври назаррас эҳсос мегардад.