БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ТАБЛИҒГАРИ МАҚСАДУ МАРОМИ СОЗАНДАИ ХАЛҚ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баромади худ масъулин иброз доштанд, ки ҲХДТ ба як қувваи бузурги таблиғотиву ташфиқотӣ табдил гашта, дар ҷомеаи демократии кишвар бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад.

Мақсаду мароми ҳизб мақсаду мароми хизмат ба мардум буда, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пайваста кӯшиш менамояд. Самтҳои стратегии сиёсати давлат, ки  дар  Барномаи  Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон зикр ёфтаанд, барои таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ ислоҳоти амиқу пайгирона амалӣ мешаванд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg