БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нурафшон” бахшида ба 25- солагии таъсиёбии ҲХДТ ва солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои миллӣ пешкаши ҳамагон  гардонида  шуд.

Дар ҷамъомад намояндагони ҳизбӣ баромад намуда, қайд кард, ки  ҲХДТ бо шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” ва   таҳти роҳбарии Раиси муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сиёсии кишвар ҳамчун ҳизби ҳоким фаъолият намуда истодааст.

Маҳз садоқату самимияти хоса, эҳсоси баланди меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, ғамхорию назари  хайрхоҳона ба халқу миллати куҳантамаддун ва ниҳоди поку қалби саршор аз муҳаббати инсонии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сол ба сол аъзову ҷонибдорони ҳизб меафзояд.

ҲХДТ-  ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ба мафкураи одамон   таъсири мусбат гузошт ва  барои такоммули шахсиятҳо ва шахсиятсозӣ хидмат карда истодааст.

Инчунин, иброз гардид, ки ҲХДТ дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳабро ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизму ифротгароӣ, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум менамояд, худшиносӣ ва ватанпарастиро аз даврони ба меҳвари сиёсат омаданаш асоси фаъолияташ мешуморад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg