БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАИ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”-И ШАҲРИ КӮЛОБ БА ДАВРИ ДИГАРИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ РОҲХАТ ГИРИФТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар варзишгоҳи хурди шаҳри Кӯлоб мусобиқаи футбол байни дастаҳои яккачини “Созандагони Ватан”-и шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон” доир гардид.

Зимни чорабинии варзишӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  иштирок ва баромад намуда, қайд гардид, ки ба варзиш машғул будан, ин ба саломатии инсон манфиатовар аст. Мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи мазкур ин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам кардани робитаи дӯстона миёни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Баъдан дастаҳои “Созандагони Ватан”-и шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ миёни ҳам рақобат намуданд. Бозии мазкур 7:1 ба фоидаи дастаи “Созандагони Ватан”-и шаҳри Кӯлоб ба анҷом ёфт.

Дар охир ба дастаи “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Восеъ барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” қадршиносӣ гардид ва дастаи “Созандагони Ватан”-и шаҳри Кӯлоб ба даври дигари мусобиқа роҳхат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg