
КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Конференсия илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “25-соли талошҳо баҳри саодати халқ” бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ баргузор гардид.
Сараввал роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҳозиринро ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дили мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад. Ин ҳадафҳои самимонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳуввият ва рисолати созандаи ҲХДТ-ро муайян ва мушаххас намуда, ҳамзамон меъёри баҳогузории фаъолияти ҳизб дар 25-соли охир мебошад.