БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО ДАР ҶОМЕАИ НАВИН

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти щаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Қубодиён  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Масъулин зимни ибрози андеша оид ба мафҳум ва моҳияти экстремизм ва терроризм сухан гуфта, қайд намуд, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди  терроризм  ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст. Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳми тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст.

Инчунин, қайд карда шуд, ки терроризм яке аз шаклҳои мураккабтарини зуҳуроти номатлуб буда, дар инкишофи инсоният ҳодисаи нав нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим рӯ овардани қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош доштанд, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои  гуногун террорро ҳамчун воситаи самаранок барои расидан ба ҳадафҳои худ медонистанд ва барои расидани ҳадафҳои ғаразноки худ аз ҳар усулҳои мавҷудбуда самаранок истифода бурда, бештар ҷавононро ба доираи худ ҷалб мекунанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg