БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИҲОИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба  25-умин солгарди таъсисёбии  ҲХДТ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҲХДТ, раиси ноҳия Файзуллозода Зафар Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроия  Шарифзода Маҳмадаюб раисони ташкилотҳои ибтидоӣ  ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъомади тантанавӣ  баргузор гардид.

Дар  ҷамъомади мазкур  роҳбарияти   Кумитаи иҷроия  иштирокчиёнро бо 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ  табрику таҳният гуфта,  қайд кард, ки мақсаду мароми ҳизб бо халқ наздик  ва дар хизмати мардум  будан аст. Хизматҳои  арзандаву шоистаи Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош ва муборизаву ҷонфидоияш дар барқарор намудани сулҳу суботи кишвар беназир  мебошад. 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар руҳияи баланди сиёсию фарҳангӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, қадрдонӣ аз сиёсати хирадмандонаву дурандешона дар фазои сулҳу субот ва хотирмон таҷлил карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg