БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ – КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Дар  ташкилоти ибтидоии “Дӯстии халқҳо”-и ноҳия бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни суҳбат вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла дар бораи омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа  ба монанди коррупсия андешаронӣ намуда, гуфтанд, ки коррупсия – кирдор ва амали номатлуби замон унвон гирифтааст. Аз ин ҷост, ки сокинони кишвар хатари онро ба амнияту Истиқлолияти давлатӣ бештар дарк менамоянд.

Гузашта аз ин дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷаъмона буда, ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ба ин амали нанговар шарти аввалин ба шумор меравад, дар ин замина мафкураи зиддикоррупсионии байни аҳолӣ ташаккул меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg