БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСОБИҚАҲОИ ФУТБОЛ БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали  тасдиқнамудаи  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти  Хатлон  бо  мақсади  сазовор  истиқбол намудани 25-солагии  таъсисёбии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон даври вилоятии футболи даставии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои  дарёфти  Ҷоми  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон дар варзишгоҳи марказии “Пахтакор”-и ноҳияи Шаҳритуз байни  дастаҳои ғолиби ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуз бо  иштироки  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбарону  кормандони  Кумитаҳои  иҷроияи  ноҳияҳои  зикршуда ва ҳамчунин мухлисони зиёд  баргузор гардид.

    Бозии футбол байни дастаҳо  дар  сатҳи баланди  варзишӣ баргузор  гардида, ба ҳисоби 2 бар 1 дастаи ноҳияи  Шаҳритуз ғолибият  ба  даст  овард.

    Ба дастаи ноҳияи Носири Хусрав барои иштироки фаъол дар  мусобиқаи футболи Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Хатлон  бо  Сипосномаи  Кумитаи  иҷроияи  ҳизб  дар  вилояти Хатлон сарфароз  гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg