![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20191120_113755_0.jpg?itok=9BVSgzkK)
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани ҳадафҳои созандаи ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ба номи «Мирзо Турсунзода»-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроия вохӯрӣ баргузор гардид.
Мавсуф дар суҳбат дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, ки аз ҳар яки мо масъулияти баланди ташкилию сиёсиро тақозо мекунад, андешаронӣ намуд.
Сипас, дар идома самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуда, сокинон ба корҳои ободонӣ раҳнамоӣ гардиданд.