БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСИРО БО МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД БАРГУЗОР МЕНАМОЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баҳри баррасии як қатор масъалаҳои муҳим бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Зарбдор» вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар як узви ҲХДТ масъул аст, ки  дар татбиқи ҳадафҳои созандаи он ва баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, дар шаффофу демократӣ гузаштани ин чорабинии сиёсӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намояд.

Ҳамчунин, дар раванди баргузории суҳбат  аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ шудани Аксияи «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як оилаи ниёзманди деҳа кумаки моддӣ дар фасли сармо, аз қабили  ҳезум дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg