ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Ҳама намудҳои варзишро дар баробари тарғиби тарзи ҳаёти солим, сулҳу дӯстӣ ташвиқ менамояд. Бинобар ин ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш хеле муфид мебошад.
Ғолибони даври ниҳоии мусобиқаи футбол, ки аз ҳисоби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ баргузор шуда буд, барои иштирок дар бозиҳои нимфиналӣ ба ноҳияи Ҷайҳун роҳхат гирифтанд.
Аз рафти бозӣ маълум буд, ки варзишгарони дастаҳои «Панҷ» ва «Ҷайҳун» тайёрӣ хуб дида, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ин бозӣ дастаи «Панҷ» бо ҳисоби 10:6 бар дастаи «Ҷаҳун» ғолиб гардида, сазовори кафкубиҳои тамошобинон гардид.