ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Боғистон» хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Дар чорабинӣ масъулин, дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, инчунин дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти кишвар дар муддати 28-соли Истиқлолият суханронӣ намуда, ҳамагонро барои дӯст доштани меҳан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ба Президенту Ватан содиқ буданро раҳнамоӣ карданд.