БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ИДОМАБАХШИ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ КИШВАРАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии футбол байни дастаҳои ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияи Вахш баргузор шуд, ки дар мусобиқа, намояндагони Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳияи Кӯшониёну Вахш,   устодону ва варзишгарони соҳибтаҷриба ширкат варзиданд.

Намояндагони ҳизбӣ пеш аз оғози мусобиқа зикр намуданд, ки воқеан, имрӯз кулли ҷавонони созандаи тоҷик шукронаи диёри ҳамешабаҳор ва ташаббусҳои оламгири Президенти ҷавонпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро карда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳимоятгари асили фарҳангу суннатҳои неки ниёгон ва идомадиҳандаи ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи насли калонсол мебошанд. Сипас, бозии  футбол  оғоз гардида, бозингарон дар майдон бо шавқу ҳаваси беандоза маҳорати хешро нишон доданд ва мусобиқа  3 ба 1 ба  фоидаи дастаи ноҳияи Кӯшониён анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg