БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ ВНМО ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳамасола рӯзи 1 декабр дар тамоми дунё ҳамчун рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ, яъне ВИЧ\СПИД қайд карда мешавад.

Бо мақсади пешгирии ин бемории марговар ва бештар иттилоот пайдо намудани ҷавонон оид ба ВНМО/БПНМ дар маркази ноҳия ҳамоиши ҷавонону наврасон баргузор  гардид.

Дар чорабинӣ, кормандони ҳизбӣ,  маркази пешгирии бемории ВНМО/БПНМ, маркази ташакулли тарзи ҳаёти солимии ноҳия ва дигар ташкилоту корхонаҳо ширкат варзиданд.

Аз тарафи мутахассисони соҳа оид ба ин беморӣ маърӯзаҳо карда шуда, ба иштирокчиёни чорабинӣ варақаҳои иттилоотӣ, буклетҳо ва айёниятҳо оид ба мубориза бо ин беморӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg