БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИЗБИ МАРДУМИСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Борбад” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ  дар тӯли 25 соли фаъолияташ андешаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳадафҳои аслиаш ин дар канори халқ будану мардумро ба корҳои созандаю бунёдкорона раҳнамун кардан аст. ҲХДТ-ҳизби мардумист ва барномаи он танҳо барои манфиатҳои халқ равона гардидааст. Ва шиори ҳизб таҳти унвони “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” бозгӯи он аст, ки мақсади асосиаш таъмини зиндагии босаодати мардум мебошад.

Дар охир оид ба дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру андешаҳо баён гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg