БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ МОНЕИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ВА БОИСИ НОБОВАРИИ МАРДУМ НИСБАТ БА ДАВЛАТ МЕГАРДАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Андози шаҳр” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ изҳор гардид, ки тибқи мушоҳидаҳо кормандони баъзе мақомотҳо ба амалҳои коррупсионӣ даст зада, қонуну қоидаҳоро риоя намекунанд. Дар ин росто кормандони ҳамаи сохторҳоро зарур аст, аз ҳаракатҳо ва аъмоли бо коррупсия олуда худдорӣ намоянд. Зеро ин зуҳурот барои ҷомеаи инсонӣ нангин буда, монеи пешрафти ҷомеа ва боиси нобоварии мардум нисбат ба давлат мегардад.

Вобаста ба амалҳои коррупсионӣ чанде аз иштирокдорон низ фикру андешаҳои хешро баён дошта, ваъда доданд, ки ҷиҳати решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа саҳмгузорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg