БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ АСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо чунин мақсадҳои наҷиб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар самти истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар  Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба таҳсилу касбомӯзии духтарон, эҳтироми байни ҳамсоягию хешу таборӣ, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии хушуноти оилавӣ нисбати келинҳо ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда шуд.

Баъдан дар идома масъулин вобаста ба 25 солагии  таъсисёбии ҲХДТ-ҳамчун ҳизбӣ ормонҳои миллат, созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа  сухан гуфта, иштирокдоронро бо 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ шодбош гуфтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg