БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Вохӯрии навбатии кормандони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Лолазор”- и   деҳаи Чаманоро   оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  дар бораи масъалаи муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “  Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  андешаронӣ намуда қайд кард, ки мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои миллӣ тарбия кардани фарзандон мебошад.

Дар охир вобаста ба огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо   суханронӣ карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg