БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ПАЙВАСТА АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин  оид ба тарғиби  тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, омодагии ҷиддӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои соли 2020 суханронӣ карда, даъват намуданд, ки маъракаҳои муҳими дарпешистода масъулияти ҷиддиро аз ҳар узви ҳизб талаб менамояд, Аз ин хотир мо масъулин бояд дар баргузории ин чорабинии сиёсӣ ҳамаҷониба омода бошем.

Сипас, бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкурАксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, ба 1 нафар шахси эҳтиёҷманди ҷомеа кумаки молиявӣ расонида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg