
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Куҳдоман»-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки намояндагони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид, ки дар он масъулин дар бораи ҳидоят намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар ниҳоди онҳо, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, бори дигар таъкид карданд, ки дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштанд дар пешрафту шукуфоии меҳан қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи ҷавонмардии ҳар яки мо мебошад