БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН НОБАСОМОНИҲОИ ҲАЁТРО ДАР РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ ҶОРӢ МАЪНИДОД НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсие, ки дар  ташкилоти ибтидоии “Эҳсон” бо иштироки корманди Кумитаи иҷроия  шуда гузашт, аз суханрониҳои судманд иштирокдорон ба худ маълумоти зарурӣ пайдо карданд.

Масъулин зимнан дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ҳарф зада,  ҷамъомадагонро  барои дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои нави Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноаткунони босуръати кишвар, сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, мубориза ба падидаҳои номатлуби замон, аз ҷумла терроризму экстремизм, нашъмандию нашъаҷалобӣ, коррупсия, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бемориҳои сироятӣ, тақлиди кӯркӯронаи урфу одат  ва фарҳанги бегона, иҷрои бечунучарои қонунҳо ҳидоят намуданд.

Дар асоси талаботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилот ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 – и ноҳияи Ховалинг 3 адад мизу курсӣ  кумак намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg