БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕМОРИИ ВНМО/СПИД МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕКУНАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  ташкилоти ибтидоии «Давлатобод» сурат гирифт.

Мавсуф дар ҳузури ҳозирин зарурат ва аҳамияти муқовимат бо вируси норасоии масъунияти одам сухан ронда, қайд намуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон аксарият вируси норасоии масунияти одамро бемории «дигарон», яъне нашъамандон ва афроди пешбарандаи зиндагии бенизоми ҷинсӣ унвон мекунанд.

Натиҷаҳои як назарсанҷии ахир муайян намудааст, ки муносибати аксарият нисбат ба афроди бемор дар коргоҳҳо ҳамоно тағйир наёфтааст. Ҳудуди 50 дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, ки аз ҳамкорони бемори худ ҳазар мекунанду бояд ин гурӯҳи одамон аз кор ронда шаванд.

Тибқи маълумоти омор ҳам, беш аз нисфи гирифторони бемории ВМНО тариқи сӯзандору ва қариб 30 дарсади дигар аз тариқи робитаи ҷинсӣ гирифтори ВИЧ шудаанд. Аммо таҳлилҳо нишон додаанд, ки хатари олудашавӣ ба сирояти ВМНО дар ҳама соҳаҳо ва касбу кори гуногун, аз ҷумла дар сохтмон ҳам кам набудааст.

Мо худро аз ВМНО танҳо ҳамон вақт эмин дошта метавонем, ки аз ин вирус бохабар бошем, сабабҳои сар задан ва роҳҳои сироят, моҳияти инкишофи онро донем. ВМНО ин бемории ахлоқӣ аст, зеро паҳншавии он ба муносибатҳои одамон вобастагӣ дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg