БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Тутқавул”  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ  вохӯрӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ баромад намуда, қайд карданд, ки  ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз даврони  ба меҳвари  сиёсат қадам гузоштанаш барои беҳтар намудани зиндагии мардум талош варзидааст.  Вазифаи мо  ҳизбиён  ин  аст, ки ғояҳои давлатсозӣ ва давлатдориро тарғиб намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда зиндагии босаодат намоем, то ин ки намунаи дигарон бошем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисотон  ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ба мафкураи одамон   таъсири мусбат гузошт ва  барои такоммули шахсиятҳо ва шахсиятсозӣ хидмат карда истодааст.

Дар охир қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зода ва дастоварди Истиқлолияти кишвар мебошад, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg