БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҚУТБНАМОЕСТ ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасӣ  ва шарҳу тавзеҳи  Паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  ва самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ   дар ташкилоти ибтидоии  деҳаи «Охҷар»-и ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод  мулоқот баргузор гардид.

 Нахуст, намояндагони ҳизбӣ дар хусуси моҳияти Паёми навбатӣ андешаҳояшонро  баён намуда, қайд карданд, ки  барои  беҳтар  гардидани  фаъолияти сохтору мақомотҳои дахлдор  ва муайяну  мушаххас  кардани вазифаҳои   ҳар як шаҳрванд  Паёми навбатӣ санаи 26.12.2018 аз ҷониби Роҳбари давлат ироа гардид, ки дар он оҳаҳои мухталифи ҷомеа баррасӣ карда шудаанд.

Дар навбати худ иштирокчиён  гуфтанд, ки Паёмро ҳамчун қутбномае дар роҳи  созандагӣ  истифода хоҳанд  бурд ва дастуру супоришҳое, ки аз он бармеояд, дар оянда низ сармашқи кору фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg