БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО ДИГАР ДАВЛАТҲОИ ДУНЁ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Суғдиён” бо иштироки намояндагони ҳизбӣ доир гардид.

Сараввал масъулин дар назди ҳозирин аз рафти фаъолият ва нақшаҳои минбаъдаи  ташкилоти ибтидоӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ зери ҳадафу барномаҳои ҳизб ояндаи дурахшони Тоҷикистонро мебинем. Аз ин рӯ ҳамкроиҳо ва робитаи мо бо ҲХДТ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Инчунин, дар идома дар мавзӯи сиёсати хориҷии ҳукумат андешаронӣ карда шуда,  қайд гардид, ки бо гузаштани 28-сол аз соҳибистиқлолии давлатии мо имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда 200 давлати ҷаҳон мешиносад ва ҳамчун давлати мустақил эътироф меномояд. Тоҷикистон низ бо бисёри аз давлатҳои минтақа ва ҷаҳон робитаҳои хуби ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯбаи сиёсати дарҳои кушода ва бо чанде аз ин давлатҳо шарикии стратегиро дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамалакат ба роҳ мондааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg