БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМҲОИ НАҶИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАБОНИ ДАРОЗИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТРО КУТОҲ КАРДААСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯз як чанд гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо онҳо бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта, дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳои дӯрӯғу туҳматангез, дасисаю иғвоҳои худро нисбати давлату ҳукумати феълии Тоҷикистон ва иқдомҳои инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари давлат барангехта бо тобиши барои худашон маъқул пешниҳод намуда, ҷомеаро ба нофаҳмӣ меоранд.

Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим акнун дарк намуд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи Ҳукумату давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум, алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.

Бо иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва бо тарафдории аксариати вакилон қонуни мазкур қабул карда шуд. Қонуни мазкур ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо татбиқ гардид.

Конститутсия барои ҳар якдавлат ҳамчун қонуни олии давлат ба ҳисоб рафта, масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахолқии ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, фаъолият ва салоҳияти мақомоти муҳимтарини давлатӣ, аз ҷумла қонунбарор, иҷроия, ва судиро муайян менамояд. Маҳз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳасоси таърихӣ миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва дар навбати худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат тариқи райъпурсӣ қабул намуда, дар навбати худ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин гардид.

Душманони миллат роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ, гуруҳи -24, Паймони миллӣ, бо даъвоҳои беасос ва туҳматангези худ даъво менамоянд, ки гӯё роҳбарияти Тоҷикистон бо сабаби дар маҳкамаҳои Тоҷикистон барои маҳкумшудагон гӯё ҷой набудан 20 ҳазор нафар маҳкумшудагонро авф намуда аз адои ҷазо пурра озод мекунад. Агар ба мантиқи суханони ин гурӯҳҳои манфури «мухолифини ҳукумат» , ки худро «ҳомии демократия» маънидод менамояд диққат диҳем, шармамон меояд. Агар онҳо дар ҳақиқат дустдори миллат бошанд ингуна фитнаангезую масхарабозӣ набояд кунанд. Барои онҳо ягон муқкадасот арзиш надорад на давлату миллат, на падару модар ва на Ватану дину имон. Онҳо дар хориҷ иртиҷои шуда нисбати Ватану миллат худ таҳқиру носазогӯиҳо гуфта ва аз ин таҳкирноимаҳои худ шарм надошта, тариқи видоӣ паҳн менамоянд. Онҳо фикр намекунанд, ки наздикону волидонашон, ки дар ин кишвар зиндагӣ доранд, дар ҳолати ногувор мемонанд.

Имрӯз ҷавонони мо бояд ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд, ҳамчун фарзандони бо нангу ори Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин душманони миллат роҳ надиҳанд, ки пояҳои Истиқлолияти кишварро заиф гардонанд. Ин сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеаро ҳифз намуда, кору зиндагӣ намоянд, манфиатҳои миллӣ-Истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоянд. Аммо бархе аз одамони кӯрнамак ва носипоси ин миллат, ҳамсони «кабириҳо» мехоҳанд, баҳори гулфишону гулбасари Тоҷикистони озоди моро ба хазони абадият табдил бидиҳанд. Онҳо шояд фаромӯш карда бошанд, ки ин мардум аз суннат, аз ақл ва аз хиради азалии хеш истифода менамоянд, то дар масири ҳикмату хирад ва арзишҳои воло ҷовидон боқӣ бимонанд.

Ин мардум ҳаргиз доғдари номи миллат, Ватан дини мубини Ислом ва мазҳаби поки хеш намемонад. Ин миллати сарбаланд, ҳамеша дар гирди Пешвои худ мутаҳид мемонанд!

 

Раҳмон Муродов,

мудири шуъбаи таблиғот иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ дар

ноҳияи Носири Хусрав

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg