АНДЕША. Ҳар давру замон ба худ шахсиятҳоеро дорост, ки муаррифгар ва ифтихори ҳар халқу миллатанд. Чунин бузургмардон боис мешаванд, ки дар саҳифаҳои таърих номи худ ва халқу миллати худро абадан бо ҳарфҳои заррин сабт менамоянд. Халқи бузург ва тамаддунофари тоҷик низ фарзона фарзандонеро дорост, ки дар арсаи ҷаҳон эътибори ниҳоят калон доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба қатори чунин шахсиятҳо шомил шуда, ҳамчун сиёсатмадори варзида, ватанпарвар ва сулҳовар мебошад. Зеро бо туфайли корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил умр ба сар мебаранд. Маҳз ин шахс бо заҳматҳои шабонарӯзаи худ тавонист истиқлолияти комили ватанро таъмин намуда, онро муаррифи ва халқи тоҷикро, ки парешонгашта буданд сарҷамъ намуд. Дар солҳои навадуми асри гузашта, душманони дохил ва хориҷ, ки бо нақшаҳои нопоки худ дар замони ҷанги бародаркӯш ҳар лаҳзаҳо фишорҳо меоварданд. Хушбахтона, бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати оқилонаи ӯ ҳадафҳои нопоки душманони дохил ва хориҷ ба хок яксон шуда, мардум аз нав бо ҳазор умеди орзуҳо гирди ҳам омада, аз сулҳу оромии Ватан изҳори хушдилӣ ва розигӣ мекарданд.
Мактаби бузурги сиёсӣ ва мардонагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо насли ҷавон ва кулли ҷаҳон намунаи ибрат аст. Зеро дар давоми 28-соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо ба як давлати пурқудрат табдил ёфта, метавон гуфт, ки ҳар рӯз дар ҳама ҷодаҳо комёбиҳои беназирро ба даст оварда истодааст.
Дар рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ баҳри сулҳу субот ва истиқлолияти кишвар Пешвои миллат аз ягон тиру туфанг наҳаросида, ҳамеша бо умеди ободӣ, осудагӣ қадамро ба пеш мегузошт, ки ин худ як қарамонист. Махсусан, барои гурезагон ба кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ки хатарҳои зиёдеро дошт далели шуҷоатмандӣ ва сарсупурдагӣ баҳри хақу миллат аст. Худованд дар Қуръон меорад ”Агар ман ба касе обрӯ, эътибор диҳам ӯро пешвои ҳамон миллат ва халқ месозам” аз ин оятҳои пок бармеояд, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти бохирад бо ниятҳои пок ва ҷонсупориҳояш барои ин мардум сабаб шуданд, ки Президенти ин кишвар гардад.
Гарчанде имрӯзҳо нотавонбинон ва душманон дар саҳифаҳои интернет ва дигар воситаҳо нисбати шахсияти Пешвои азизи мо ҳарчи нагӯянд барои мардуми рӯшанфикру озодандеши мо ягон эътибор надорад, зеро фикру ниятҳои душманон ба ҳама бараъло маълум аст: вайронӣ, хунрезӣ, иғво на чизе дигар. Хок бар сари ин кутоҳфикрони пастсифат фаромӯш карданд, ки “кур як бор дар чоҳ меафтад”. Банда як навореро дар шабакаи телевизионӣ Афғонистон “Тулу нюс” тамошо кардам, ки ҳеҷ гоҳ дар ёдам фаромӯш намешавад, ки чунин баён шуда буд ”Мо мардум дар ҳасрати як лаҳза оромӣ ҳастем агар лозим шавад тамоми дорои худро барои ин мебахшем” пас ба ҳар фарди тоҷик махсусан ҷавонон зарур ва ҳатмист, ки ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, фирефтаи идеалогияи фанатикии ҳар ҳизбу ҳаракатҳо нашуда, барои ин ақл ва хирадаи худро боло баранд. Зеро барои ба ин рӯзҳо расидан ҳазорон родмардон ҷони худро фидо намудаанд ва дар охир гуфтаниям, ҳар касе душмани ин ватан ва миллат аст сарнагун бод.
Раҷабов Афзалшоҳ – узви ҲХДТ, омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб