
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бозори Баракат-ЛТД» -и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Масъулин дар суҳбат дар бораи нақши ҲХДТ дар тӯли 25 соли таъсисёбӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», омодагӣ ба пешвозгирии ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020 суҳбат намуда, таъкид доштанд, ки ҳар амали созандае, ки мо анҷом медиҳем ба манфиати давлату миллат мебошад ва мо шаҳрвандон бо саҳмгузорӣ дар корҳои ватандӯстона бештар кӯшиш ба харҷ диҳем.