БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМРО АЗ ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДӢ МЕДОНЕМ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣДар ташкилоти ибтидоии «8-Март» бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар рафти чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Бинобар ин мо фаъолони ҳизб ҳамеша ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум карда, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода бошем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg