
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти Гулшан баргузор гардид.
Дар мулоқот мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан, дар бораи давра ба давра амалӣ гардидани се ҳадафи асосии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар суханронӣ намуда, кайд кард, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегӣ саноатикунонии босуръати мамлакат ба миён гузошта шуда, дар ин самт низ карҳои зиёде ба иҷро расидаанд.
Ҳамчунин, шарҳу тавзеҳи моҳияти сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон идомабахши суҳбати мавсуф буд.