
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бозори Ином» -и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки намояндагони ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», дастгирии оилаҳои камбизоат, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омодагӣ ба пешвозгирии ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020 андешаронӣ карданд.
Сипас, бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ Аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, ба як оилаи ниёзманди ҷомеа кумаки молиявӣ расонида шуд.